ВАҲДАТ КАФИЛИ САОДАТУ САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТ
Худовандо худои хеш гардон, миллати моро,
Нигаҳдор аз шабохунҳои ваҳшат ваҳдати моро.
Ниҳоди кохи Ваҳдат баски аз хуни шаҳидон аст,
Нигаҳдор аз шабохунҳои ваҳшат Ваҳдати моро.
Ваҳдату ягонагӣ пояи асосии сулҳу субот ва устувории пояҳои давлатдориамон мебошад. Пас аз ба даст овардани суботу якдилӣ ва мустақилият дар кишвар таҳти роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик ба фатҳи қуллаҳои баланд зафарёб гардид.
Дар ҳақиқат,
Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, рушди
илму фарҳанг, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин аст.
Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ,
некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба
сӯйи фардои дурахшон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон
чунин гуфтаанд: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу
номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад,
бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти
кишвар ҷаҳду талош намояд».
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи
миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи
ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ
гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан
ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Сарони давлати абарқудрати Сомониён ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар қаламрави давлаташон баробариву бародарӣ ҳукмфармо бошад, зеро хар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост. Ҳар ҷое, ки сулҳ аст, амонию баракат низ он ҷост.
Бо ифтихор қайд мекунам, ки имрӯз Тоҷикистон маҳз бо шарофати Истиқлолияту озодӣ ва ваҳдату суботи миллӣ мақому манзалати худро дар арсаҳои байналмиллалӣ касб намуда, дар тамоми олам ҳамчун давлати миллӣ шинохта шудааст. Имрӯз вазифаи мост, ки барои пойдории ин давлати миллӣ ҳамеша софдилона хизмат намуда бошем. Маҳз, бо кӯшишҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гардид, мамлакат обод шуду пеш рафт. Барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошта шуд. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастанӣ зинда намуд.
Воҳидов Аюбҷон