ВАҲДАТ ДАР ЗИНДАГИИ ҲАРРӮЗА АҲАМИЯТИ БУЗУРГ ДОРАД
Ваҳдат мафҳуми фарох буда, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамгироӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандиро дар бар мегирад. Он неруест, ки ҷомеаро муттаҳид сохта, барои расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки танҳо миллатҳои муттаҳид метавонанд Истиқлоли худро ҳифз намуда, ба рушди устувор ноил гарданд.
Ваҳдат на танҳо як мафҳуми зебо, балки қувваи бузургест, ки ҷомеаҳоро аз парокандагӣ наҷот медиҳад ва онҳоро ба сӯйи рушду шукуфоӣ ҳидоят мекунад. Дар Тоҷикистон ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлолият ба шумор меравад. Ваҳдати миллӣ маънои ҳамзистии осоиштаи намояндагони миллатҳо, динҳо ва фарҳангҳои гуногунро дорад. Дар кишвари мо, ки мардумони тоҷик, узбек, рус, қирғиз ва дигар қавмҳо зиндагӣ мекунанд, ваҳдат имкон дод, ки ҳама як хонаводаи ягонаро ташкил диҳанд. Ин иттиҳод на танҳо дар сатҳи мардум, балки дар сиёсатҳои давлатӣ низ инъикос ёфтааст. Масалан, барномаҳои давлатӣ барои рушди минтақаҳои гуногун, таъмини баробарии иҷтимоӣ ва дастгирии фарҳангҳои мухталиф нишонаи амалии ваҳдат дар Тоҷикистон аст.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ масъалаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ аҳаммияти бештар касб менамояд. Худшиносии миллӣ ҳамчун омили муҳимми таҳкими ваҳдат шаҳрвандонро ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои давлатдорӣ раҳнамун месозад. Танҳо ҷомеае, ки дорои сатҳи баланди худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад, метавонад Истиқлол ва ваҳдати худро пойдор нигоҳ дорад.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Ин суханон аҳаммияти бузурги сулҳу ваҳдатро ҳамчун неъмати муқаддас ва дастоварди таърихии миллат бозгӯ мекунанд.
Дар сатҳи ҷаҳонӣ, ваҳдат маънои ҳамкорӣ байни кишварҳо ва мардумони гуногунро дорад. Имрӯз, дар замоне ки ҷаҳон бо мушкилоти монанди тағйироти иқлим, терроризм ва нобаробарии иқтисодӣ рӯбарӯ аст, ваҳдат ягона роҳи ҳалли ин мушкилот аст. Масалан, созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, кӯшиш мекунанд, ки кишварҳоро барои ҳалли мушкилоти умумӣ муттаҳид созанд. Ваҳдат дар ин сатҳ маънои эҳтиром ба гуногунрангӣ ва дарки онро дорад, ки ояндаи инсоният аз талошҳои муштарак вобаста аст.
Дар зиндагии ҳаррӯза низ ваҳдат аҳамияти бузург дорад. Дар оила, ҷомеа ва коргоҳ, ваҳдат маънои якдигарфаҳмӣ, дастгирӣ ва ҳамкорӣ дорад. Вақте ки одамон якҷоя кор мекунанд ва ба якдигар эҳтиром мегузоранд, онҳо метавонанд ба натиҷаҳои бузург ноил шаванд. Масалан, дар Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили ҷашнҳои Наврӯз ё Рӯзи Ваҳдати Миллӣ, мардумро аз гӯшаву канорҳои мухталиф гирди ҳам меорад ва эҳсоси ягонагиро тақвият медиҳад. Барои нигоҳ доштани ваҳдат, ҳар як шахс бояд саҳм гузорад. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд таҳаммулпазир бошем, ба андешаҳои дигарон гӯш диҳем ва барои хайри умум кор кунем.
Олимони ҷавон нақши муҳим дар таҳкими ваҳдат доранд. Мо бо истифода аз технологияҳои муосир, фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ, ташфиқоту тарғибот метавонем паёми ваҳдату сулҳро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи ҷаҳонӣ низ паҳн кунем.
Ваҳдат – ин на танҳо як мафҳум, балки роҳи зиндагист.
Он моро аз парокандагӣ наҷот медиҳад, дилҳоро ба ҳам наздик мекунад ва барои
бунёди ояндаи беҳтар илҳом мебахшад.
Дар Тоҷикистон ваҳдати миллӣ рамзи сулҳ, субот ва пешрафт аст, ки моро ба ҳам
мепайвандад.
Дар бунёди ҷомеаи босаводу солим саҳми ҳар як фард,
махсусан устодон муҳим аст, ки барои боздоштан аз ҳамроҳшавии ҷавонон ба
гурӯҳҳои ифротгарову экстремистӣ саҳмгузор шуда метавонанд, зеро тарбияи солими
насли оянда ҷузъи фаъолияти устоду муаллим мебошад.
«Мо як Роҳбар, як Пешво, як Сарвари ғамхори халқ дорем ва он ҳам бошанд
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҷон ба каф гузоштанду миллатро сарҷамъ карданд, ба
миллати азияткашидаи тоҷик сулҳ ва ваҳдати сартосарӣ оварданд».
Аз ин рӯ, ҳар як фарде, ки худро узви комилҳуқуқи ҷомеа мешуморад муваззаф аст насли наврасу ҷавонро дар руҳияи хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию давлатдорӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, содиқ будан ба ин марзу бум, ниёкони хеш ва бунёдкорию созандагӣ ташвиқ намоянд. Кафили асосии таҳкими ваҳдати миллӣ қабл аз ҳама тафаккури миллӣ ва асолати миллӣ аст, ки он дар арҷ гузоштани ҷомеа ба арзишҳои миллӣ инъикос мегардад. Он ҷомеа ва он миллате, ки ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои неки ниёкони хеш арҷ мегузорад дар он ваҳдат пойдор боқӣ мемонад.
Моҳира Қаландарова,
ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд